Дар бораи Қазоқистон

Ҷумҳурии Қазоқистон давлати воҳид бо шакли идораи президентӣ мебошад. Мутобиқи Конститутсия, кишвар давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, арзишҳои олии он инсон, ҳаёт, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ аст.

Қазоқистон 16 декабри соли 1991 истиқлолият ба даст овардааст. Пойтахт – шаҳри Нур-Султан. Забони давлатӣ – қазоқӣ. Забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорост. Воҳиди пулӣ – танга.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат, шахси олимақоми он, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии давлат ва муаррификунандаи Қазоқистон дар дохили кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Президент – рамз ва кафили ягонагии мардум ва ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Ҳукумат ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Қазоқистонро амалӣ мегардонад, сохтори мақомоти иҷроияро сарварӣ намуда, роҳбарии фаъолияти онҳоро роҳандозӣ мекунад. Вазифаҳои қонунгузориро Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон иҷро мекунад, ки аз ду Палата – Сенат ва Маҷлис иборат буда, дар асоси доимӣ амал менамоянд.

Сенат аз вакилоне иборат аст, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни конститутсионӣ, дунафарӣ аз ҳар вилоят, шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон намояндагӣ мекунанд. Понздаҳ вакили Сенат аз ҷониби Президент бо назардошти зарурати таъмини намояндагӣ аз манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дигар манфиатҳои ҷомеа дар Сенат таъин мегарданд. Маҷлис аз яксаду ҳафт вакил иборат аст, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни конститутсионӣ интихоб мешаванд. Нӯҳ вакили Маҷлис аз ҷониби Ассамблеяи мардуми Қазоқистон интихоб мешаванд. Мӯҳлати ваколати вакилони Сенат – шаш сол, мӯҳлати ваколати вакилони Маҷлис – панҷ сол мебошад. Дар айни замон дар Маҷлис се ҳизб – Хизби халқӣ-демократии «Нур Отан», Ҳизби демократии Қазоқистон «Ак жол» ва Ҳизби коммунистии халқии Қазоқистон намояндагӣ доранд.

Мутобиқи сохтори маъмурӣ-ҳудудӣ кишвар ба 14 вилоят ва 3 шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидошта ҷудо мешавад:

Нур-Султан – шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидошта – пойтахти Қазоқистон

Алмаато – шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидошта

Шимкент – шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидошта

Вилояти Ақмола

Вилояти Ақтобе

Вилояти Алмаато

Вилояти Атирау

Вилояти Қазоқистони Шарқӣ

Вилояти Жамбил

Вилояти Қазоқистони Ғарбӣ

Вилояти Қарағанда

Вилояти Қустанай

Вилояти Қизил-ӯрда

Вилояти Манғистау

Вилояти Павлодар

Вилояти Қазоқистони Шимолӣ

Вилояти Туркистон

Шумораи аҳолии Қазоқистон ба 1 феврали 2017 17 млн. 945 ҳаз. нафарро ташкил мекард. Сохтори этникии ҷомеаи Қазоқистон мутобиқи барӯйхатгирии миллии соли 2009 чунин буд: Қазоқон – 63%, Русҳо – 23,70%, Ӯзбекҳо – 2,85%, Украинҳо – 2,08%, Уйғурҳо – 1,40%, Тоторҳо – 1,28%, Олмониҳо – 1,11%, Дигарон – 4,5%

Қазоқистон дар маркази қитъаи Авруосиё ҷойгир шудааст. Кишвар 2 млн. 724,9 ҳаз. километри мураббаъро ишғол намуда, мувофиқи майдони ҳудуд дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои нуҳум меистад. Дар шимол ва шарқ ҷумҳурӣ бо Россия – 7591 км (марзи аз ҳама дарозтарин ва давомдори заминӣ дар ҷаҳон), дар шарқ бо Хитой – 1 783 км, дар ҷануб бо Қирғизистон – 1 242 км, Ӯзбекистон – 2 351 км ва бо Туркманистон – 426 км марзи умумӣ дорад. Масофаи умумии марзҳои заминӣ – 13 200 км. Ба ғайр аз ин, соҳилҳои кишварро оби баҳрҳои дохилиқитъавӣ – Каспий ва Арал мешӯянд. Қазоқистон – кишвари бузургтарини ҷаҳон аст, ки ба Уқёнуси ҷаҳонӣ баромади бевосита надорад.

Қисмати калони қаламрави кишварро биёбонҳо – 44% ва нимбиёбонҳо – 14% ташкил медиҳанд. Даштҳо 26% ҳудуди Қазоқистон, ҷангалҳо – 5,5%-ро ишғол намудаанд. Дар Қазоқистон зиёда аз 8,5 ҳазор дарё мавҷуд аст. Қисмати шимолу шарқии акваторияи баҳри Каспий ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид мешавад. Баҳри Арал байни Қазоқистон ва Қирғизистон тақсим шудааст. Дар Қазоқистон 48 ҳазор кӯлҳои калон ва миёна вуҷуд дорад. Кӯлҳои калонтарин – Балхаш, Зайсан ва Алокӯл. Дурӣ аз уқёнус иқлими шадиди континенталиро ба вуҷуд меорад. Ҳарорати миёна дар моҳи январ – аз -19 °C дар шимол то -2 °C дар ҷануб, ҳарорати миёна дар моҳи июл – аз +19 °C дар шимол то +28 °C дар ҷануб. Тобистони кишвар гарму хушк, зимистонаш сарду сербарф аст.
Ҷумҳурии Қазоқистон – кишвари саноатист, ки яке аз сарчашмаҳои асосии болоравии иқтисодиаш истихроҷи маъданҳои фоиданок мебошад. Пойгоҳи маъдану ашёи хоми кишвар аз 5 ҳазор конҳо иборат мебошад, ки арзиши пешбинишавандаашон даҳҳо трлн. доллари ИМА ҳисоб карда мешавад. Ҷумҳурӣ дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои ҷустуҷӯии руҳ, волфрам ва барит - ҷои аввал, нуқра, сурб ва хромитҳо – ҷои дуюм, мис ва флюорит - ҷои сеюм, молибден – ҷои чорум ва тилло – ҷои шашумро ишғол мекунад.

Казоқистон ҳамчунин захираҳои бузурги нефту газ дорад, ки дар вилоятҳои ғарбӣ мутамарказ гардидаанд. Имрӯз кишвар ба қатори кишварҳои пешрафтаи нефтистеҳсолкунандаи ҷаҳон – бо зиёда аз 80 млн. тонна нефту конденсати газ ворид шудааст. Дар назар аст, ки дар соли 2020 истихроҷи солона ба 120 млн. тонна афзоиш дода шавад. Ҳоло Қазоқистон оид ба захираҳои собитшудаи нефт мақоми 9-ро ишғол менамояд. Ғайр аз ин, ҷумҳурӣ дар рӯихати ҷаҳонӣ оид ба захираҳои ангишт дар ҷои 8-ум ва оид ба захираҳои уран дар мақоми 2-юм ҷойгир аст.

Чун анъана, таваҷҷӯҳи бузург дар кишвар ба рушди хоҷагии қишлоқ равона карда шудааст. Қазоқистон ба даҳгонаи пешрафтатарин содиркунандагони ҷаҳонии ғалла дохил мешавад ва яке аз кишварҳои пешсаф оид ба содироти орд мебошад. Дар 70% заминҳои кишт дар шимол зироатҳои ғалладонагӣ ва саноатӣ – гандум, ҷав, арзан кишт карда мешаванд. Дар ҷануб биринҷ, пахта, тамоку парвариш карда мешавад. Қазоқистон ҳамчунин бо боғҳо, токзорҳо ва зироатҳои полезиаш шӯҳратманд аст. Соҳаи пешрафтаи хоҷагии қишлоқ чорводорист, ки самтҳои асосии он парвариши чорвои калони шохдор, асппарварӣ, шутурпарварӣ ва хукпарварӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ рушд кардааст.

Дар мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ – аз замони ба даст овардани истиқлолят дар соли 1991 ММД ба сари як нафар сокини кишвар 16 баробар афзудаст – солона аз 700 то 12 000 доллар дар як сол - ин натиҷаи фавқулодда ҳатто дар муқоиса бо кишварҳо – «палангҳо»-и шарқии босуръат рушдкунанда аст. Мувофиқи баҳодиҳии мутахассисони бритонӣ, аз 25 иқтисоди пешравандаи даҳсолаи аввали асри XXI Қазоқистон пас аз Хитой ва Қатар ҷои сеюмро ишғол мекунад. Мутобиқи таснифоти Бонки умумиҷаҳонӣ, ҷумҳурӣ ба гурӯҳи кишварҳои сатҳи даромадашон аз миёна боло ворид шуд.

Дар солҳои истиқлолият ба Қазоқистон 150 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки наздики 70% ҳаҷми умумии ҳамаи сармояҳои ба Осиёи Марказӣ ҷалбшударо ташкил медиҳад. Захираҳои тиллою асъори кишвар ба 1 июни соли 2012 наздики 85 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, аз он зиёда аз 50 млрд. доллар ба Хазинаи миллӣ рост меояд.

Дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба шароитҳои пешбурди соҳибкорӣ Қазоқистон, аз ҳамаи кишварҳои ИДМ пеш гузашта, мақоми 47-умро ишғол кард. Дар рейтинги рақобатпазирии ҷаҳонии Институти байналмилалии рушди менеҷмент (IMD) дар соли 2011 ҷумҳурӣ, аз Индонезия, Туркия, Италия ва дигар кишварҳои зиёд пеш гузашта, дар мақоми 36-ум ҷойгир шуд.

Гардиши савдои хориҷии Қазоқистон дар соли 2011 зиёда аз 125 млрд. долларро ташкил дод. Молҳои асосии содиротӣ маҳсулоти саноати истихроҷ, сӯзишворию энергетикӣ, металлургӣ ва кимиёвӣ, ҳамчунин саноати ғалла мебошанд. Шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ – Россия, Чин, давлатҳои Аврупо ва ИДМ.

Дар доираи диверсификатсияи иқтисод дар кишвар Барномаи давлатии рушди босуръати саноатӣ-инноватсионӣ амалӣ карда мешавад. Дар мувофиқа бо ин ташаббуси стратегӣ дар тамоми кишвар корхонаҳо ва истеҳсолоти кӯҳна навсозӣ карда шуда, корхона ва истеҳсолоти нав ифтитоҳ мешаванд.

Қазоқистон лоиҳаи бузургмиқёси «Роҳи Нави Абрешим»-ро роҳандозӣ мекунад, ки бояд нақши таърихии кишварро ҳамчун ҳалқаи асосии пайвандкунандаи қитъа эҳё намояд ва онро ба маркази бузургтарини тиҷорат ва транзити минтақа – пули махсуси байни Аврупо ва Осиё табдил медиҳад. Дар натиҷаи роҳандозии ин лоиҳаи бузург дар соли 2020 ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути кишвар бояд 2 баробар афзуда, дар оянда он ҳадди ақал то ба 50 млн. тонна дар як сол расонида шавад.

Соҳаи туризм низ дар Қазоқистон нерӯи назаррас дорад, ки метавонад боигарии бузурги манзаравӣ ва мероси беназири фарҳангӣ-таърихиро ба имконоти нави рушд табдил диҳад.

Навсозии миқёсии иҷтимоии кишвар амалӣ карда мешавад – мактабҳои нав, коллеҷҳои касбӣ ва донишгоҳҳо бунёд, дармонгоҳҳо ва шифохонаҳои ҳозиразамони тиббӣ ифтитоҳ мешаванд, сохтори дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мукаммал мегардад.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ намояндагони 130 гурӯҳи этникӣ зиндагӣ мекунанд, мақоми машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни халқиятҳо – Ассамблеяи мардуми Қазоқистон бомуваффақият фаъолият мекунад. Дар соли 2012 дар шаҳри Остона Анҷумани IV роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ баргузор шуд, ки дар кори он 85 ҳайати намояндагон аз 40 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Ҳамасола аз соли 2008 Форуми иқтисодии Остона иқтисодшиносон, таҳлилгарон ва коршиносони варзидаро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ меорад. Дар оғози соли 2011 дар Остона ва Алмаато Бозиҳои VII зимистонаи Осиё бомуваффақона баргузор гардида, дастаи мунтахаби кишвар мақоми аввалро дар ҷамъи дастаҳо соҳиб шуд.

Ҷумҳурӣ дар Осиёи Марказӣ пешгом буда, дар тақвияти суботи минтақа саҳми босазо мегузорад. Дар арсаи ҷаҳонӣ низ кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гаштааст. Дар ин бобат сарварии Қазоқистон дар САҲА ва дар Остона баргузоршавии Саммити ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар декабри соли 2010 шаҳодат медиҳанд. Ташаббуси назарраси кишвар роҳандозӣ ва рушди лоиҳаи СВМДА – шабеҳи осиёгии САҲА гардид. Фаъолияти эҷодкоронаи Қазоқистон низ ба сифати раиси созмони бонуфузи ҷаҳони ислом – СҲИ баҳои мусбат гирифт. Кишвар ҳамчунин дар ҳаракати ҷаҳонии зиддиҳастаӣ роҳбари эътирофшуда мебошад. Дар маҷмӯъ, Қазоқистон имрӯз бо кишварҳо-шарикони гуногун дар доираи як қатор созмонҳои байналмилалӣ - ИДМ, СҲШ, ҲИ АвруОсиё ва ғ. фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Дар моҳи июли соли 2010 Иттиҳоди гумрукии Белорус, Қазоқистон ва Россия ба фаъолият оғоз намуд ва аз 1 январи соли 2012 – Фазои ягонаи иқтисодӣ ба кор шурӯъ кард. Ин иттиҳодияҳо ба рушди босамари иқтисоди давлатҳо-иштирокчиён ва болобарии сатҳи зиндагии аҳолӣ дар асоси принсипи озодии ҳаракати мол, хизматрасонӣ, сармояи молиявӣ ва инсонӣ тавассути сарҳади се кишвар равона шудаанд. Рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, эътирофи байналмилалӣ, суботи сиёсӣ асоси шукуфоии ҷомеаи Қазоқистон гардидаанд. Қазоқистон – кишварест, ки ба оянда таваҷҷӯҳ кардааст ва анъанаҳои фарҳангии худро муқаддас шуморида, иқтидори бузурги бунёдкоронаро дар ҷаҳони пуррақобати муосир муваффақона амалӣ менамояд.

Created at : 5.07.2017, 13:25, Updated at : 25.03.2019, 12:30